Ту мапиндор, к-аз ин дар ба маломат биравам

429

Ту мапиндор, к-аз ин дар ба маломат биравам,
Дилам ин ҷост, бидеҳ, то ба саломат биравам.

Тарки сар гуфтам аз он пеш, ки бинҳодам пой,
На ба зарқ омадаам, то ба маломат биравам.

Ман ҳаводори қадимам, бидиҳам ҷони азиз,
Навиродат на, ки аз пеши ғаромат биравам.

Гар расад аз ту ба гӯшам, ки бимир, эй Саъдӣ,
То лаби гӯр ба эъзозу каромат биравам.

В-ар бидонам ба дари марг, ки ҳашрам бо туст,
Аз лаҳад рақскунон то ба қиёмат биравам.