Умрам ба охир омад, ишқам ҳанӯз боқӣ

588

Умрам ба охир омад, ишқам ҳанӯз боқӣ,
В-аз май чунон на мастам, к-аз ишқи рӯи соқӣ.

Ё ғояталамонӣ, қалбӣ ладайка фонӣ,
Шахсӣ камо таронӣ мин ғоят-иштиёқӣ.

Эй дардманди мафтун бар хадду холи мавзун,
Қадри висолаш акнун донӣ, ки дар фироқӣ.

Ё саъду кайфа сирно фӣ балдатин ҳаҷарно,
Мин баъди мо шаҳарно вал-айди фӣ-л-иноқӣ.

Баъд аз Ироқ ҷое хуш н-оядам ҳавое,
Мутриб, бизан навое з-он пардаи ироқӣ.

Хоназзамону аҳдӣ ҳатто бақиту ваҳдӣ,
Радду алайя вуддӣ биллоҳи ё рифоқӣ.

Дар сарву маҳ чӣ гӯӣ, эй маҷмаъи накӯӣ?
Ту моҳи мушкбӯӣ, ту сарви симсоқӣ.

Ин митту фӣ ҳавоҳо даънӣ амут фидоҳо,
Ё одилӣ набоҳо зарнӣ ва мо улоқӣ.

Чанд аз ҳадиси онон, хезед, эй ҷавонон,
То дар ҳавои ҷонон бозем умри боқӣ.

Қома-л-ғиёсу ламмо зумма-л-ҷамолу заммо,
Валлайлу мудлаҳиммо ваддамъу фӣ-л-маоқӣ.

То дар миён наёрӣ, бегонаӣ, на ёрӣ,
Дарбоз, ҳар чӣ дорӣ, гар марди иттифоқӣ.