Фотиҳае, чу омадӣ, бар сари хастае бихон

382

Фотиҳае, чу омадӣ, бар сари хастае бихон,
Лаб бигушо, ки медиҳад лаъли лабат ба мурда ҷон.

Он ки ба пурсиш омаду фотиҳа хонду меравад,
Гӯ нафасе, ки рӯҳро мекунам аз паяш равон.

Эй ки табиби хастаӣ, рӯйи забони ман бибин,
К-ин даму дуди синаам бори дил аст бар забон.

Гарчи таб устухони ман кард зи меҳр гарму рафт,
Ҳамчу табам намеравад оташи меҳр аз устухон.

Ҳоли дилам зи холи ту ҳаст дар оташаш ватан,
Ҷисмам аз он ду чашми ту хаста шудасту нотавон.

Бознишон ҳароратам з-оби ду дидаву бибин
Набзи маро, ки медиҳад ҳеч зи зиндагӣ нишон?

Он ки мудом шишаам аз пайи айш додааст,
Шишаам аз чӣ мебарад пеши табиб ҳар замон.

Ҳофиз, аз оби зиндагӣ шеъри ту дод шарбатам,
Тарки табиб кун, биё, нусхаи шарбатам бихон!