Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам

317

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,
Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

Тоири гулшани қудсам, чӣ диҳам шарҳи фироқ,
Ки дар ин домгаҳи ҳодиса чун афтодам?

Ман малак будаму фирдавси барин ҷоям буд,
Одам овард дар ин дайри харобободам.

Сояи тӯбию дилҷӯии ҳуру лаби ҳавз
Ба ҳавои сари кӯйи ту бирафт аз ёдам.

Нест бар лавҳи дилам ҷуз алифи қомати ёр,
Чӣ кунам, ҳарфи дигар ёд надод устодам.

Кавкаби бахти маро ҳеч мунаҷҷим нашинохт,
Ё Раб, аз модари гетӣ ба чӣ толеъ зодам?

То шудам ҳалқабагӯши дари майхонаи ишқ,
Ҳар дам ояд ғаме аз нав ба муборакбодам.

Мехурад хуни дилам мардумаки дида, сазост,
Ки чаро дил ба ҷигаргӯшаи мардум додам?

Пок кун чеҳраи Ҳофиз ба сари зулф зи ашк,
В-арна ин сели дамодам бибарад бунёдам.