Фузул гаштаам имрӯз, ҷанг меҷӯям

634

Фузул гаштаам имрӯз, ҷанг меҷӯям,
Манӯш нуктаи мастон, ки ёва мегӯям!

Тано, бисӯз чу ҳезум, ки аз ту сер шудам,
Дило, бирав ту зи пешам, туро намеҷӯям!

Лаган ниҳода хаёлаш ба чашмаи чашмам,
Баҳона кард, к-аз ин об ҷома мешӯям!

Бигуфтамаш, ки ба хуноба ҷома чун шӯйӣ?!
Бигуфт: «Хун ҳама з-он сӯсту ман аз ин сӯям!

Ба сӯйи ту ҳама хун асту сӯйи ман ҳама об,
На қибтиям1, ки дар ин Нили мӯсавихӯям!»


1 Номи қадимаи мисриён.