Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед

Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед,
Хонае созеду ҷонамро дар он манзил кунед.

Чун бирезад хуни ман ин бас дият, к-аз баъди қатл
Гоҳ-гоҳе нисбати хунам ба он қотил кунед.

Ҳайф бошад хуни ман дар гарданаш, баҳри Худо,
Пеш аз он дам, к-ӯ кашад ханҷар, маро бисмил кунед.

Тан агар бемор шуд, бар сар маёредам табиб,
Ай азизон, кори тан саҳл аст, фикри дил кунед!

Ман надорам тоқати дидору ӯ тоби назар,
Пеши рӯяш пардае, баҳри Худо, ҳоил1 кунед.

Нест пеши аҳли дил дарде зи бедардӣ батар,
Чанд тадбири давои дарди беҳосил кунед?

Чанд дарди сар кашад Ҷомӣ зи гуфтугӯйи ақл?
Ай ҳарифон, бозаш аз як ҷуръа лояъқил2 кунед!


1 Ҳоил – чизе ки байни ду чиз ё кас меистад.
2 Лояъқил – аз худ бехабар.