Хунук он дам, ки нишинем дар айвон ману ту

786

Хунук он дам, ки нишинем дар айвон ману ту,
Ба ду нақшу ба ду сурат, ба яке ҷон ману ту!

Доди боғу дами мурғон бидиҳад оби ҳаёт,
Он замоне, ки дароем ба бустон ману ту!

Ахтарони фалак оянд ба наззораи мо,
Маҳи худро бинамоем бад-эшон ману ту!

Ману ту бе ману ту ҷамъ шавем аз сари завқ,
Хушу фориғ зи хурофоти парешон ману ту!

Тӯтиёни фалакӣ ҷумла шакархор шаванд,
Дар мақоме, ки бихандем бад-ин сон ману ту!

Ин аҷабтар, ки ману ту ба яке кунҷ ин ҷо,
Ҳам дар ин дам ба Ироқему Хуросон ману ту!

Ба яке нақш бар ин хоку бар он нақши дигар
Дар биҳишти абадиву шакаристон ману ту!