Хӯйи бад дорам, малӯлам, ту маро маъзур дор!

380

Хӯйи бад дорам, малӯлам, ту маро маъзур дор!
Хӯйи ман кай хуш шавад бе рӯйи хубат, ай нигор?!

Бе ту ҳастам чун зимистон, халқ аз ман дар азоб,
Бо ту ҳастам чун гулистон, хӯйи ман — хӯйи баҳор!

Бе ту беақлам, малӯлам, ҳар чи гӯям, каж бувад,
Ман хиҷил аз ақлу ақл аз нури рӯят шармсор!

Оби бадро чист дармон?! Боз дар Ҷайҳун шудан!
Хӯйи бадро чист дармон?! Боз дидан рӯйи ёр!

Оби ҷон маҳбус мебинам дар ин гирдоби тан,
Хокро бармеканам, то раҳ кунам сӯйи биҳор1!

Шарбате дорӣ, ки пинҳонӣ ба навмедон диҳӣ,
То фиғон барн-оварад аз ҳасраташ уммедвор!

Чашми худ, ай дил, зи дилбар, то тавонӣ, бармагир,
Гар зи ту гирад канора в-ар туро гирад канор!


1 Ҷамъи баҳр; баҳрҳо.