Чун мани бесабру дил хоҳам, ки он рӯ бингарам

Чун мани бесабру дил хоҳам, ки он рӯ бингарам,
Аввал аз бими рақиб ин сӯву он сӯ бингарам.

Сӯзадам ҷон з-орзуи он хату ораз ба боғ,
Сояи сунбул чу бар гулҳои худрӯ бингарам.

Бар миён сад риштаи ҷон бо камар бастӣ гиреҳ,
То ба кай чандин гиреҳ баста ба як мӯ бингарам?

Рӯйи ман беҳ гуфтаӣ ё моҳ, рухсат деҳ даме,
То кушоям бурқаъу рӯйи ту некӯ бингарам.

Ман ҳамемирам паси зонуи ғам, дар базми айш
То каят бо ину он зону ба зону бингарам?

Дар тамошои ту ҳайронам, надонам чун кунам,
Зулфу рух ё холу хат ё чашму абрӯ бингарам?

Чанд гӯй аз захми чавгони ту бошад баҳраманд?
Ман зи ҳасрат ашкрезон дур дар гӯ бингарам?

Бар лаби ҷӯ як замон биншин, ки пинҳон аз рақиб
Акси рухсори туро афтода дар ҷӯ бингарам.

Бар дили Ҷомӣ чу новак мезанӣ, баҳри Худой,
Сахттар мекаш камон, то зӯри бозу бингарам.