З-он наранҷам, ки зи худкарда гаронат бинам

З-он наранҷам, ки зи худкарда гаронат бинам,
З-он биранҷам, ки миёни дигаронат бинам.

Серият нест зи ошиқ, ки садат ошиқ ҳаст,
Дил барои сади дигар нигаронат бинам.

Ҳар дам аз хӯйи дигар медиҳадат шакли рақиб,
Дар кафи ӯ чу гили кӯзагаронат бинам.

Нархи арзони ту гуфтам, ки ҳазорон ҷон аст,
Ҷойи он ҳаст, ки бо хеш гаронат бинам.

Даъвии раҳм кунӣ, гар бувад ин рост, чаро
Фориғ аз гиряи хунинҷигаронат бинам?

Нест чун қадди ту сарве ба чаман рост, вале
Рост бо табъи ҳама каҷназаронат бинам.

Ҷомӣ, ин сон, ки дар он тангқабо дил бастӣ,
Оқибат ғунчасифат ҷомадаронат бинам.