Чун хаёли ту дарояд ба дилам рақскунон

725

Чун хаёли ту дарояд ба дилам рақскунон,
Чи хаёлоти дигар маст дарояд ба миён!

Гирд бар гирди хаёлаш ҳама дар рақс шаванд
В-он хаёли чу маҳи ту ба миён чархзанон!

Ҳар хаёле, ки дар он дам ба ту осеб занад,
Ҳамчу ойина зи хуршед барояд ламаъон!

Суханам маст шавад аз сифатеву сад бор
Аз забонам ба дилам ояду аз дил ба забон!

Суханам масту дилам масту хаёлоти ту маст,
Ҳама бар ҳамдигар афтодаву дар ҳам нигарон!

Ҳама бар ҳамдигар аз баски бимоланд даҳан,
Он хаёлот ба ҳам даршиканад ӯ зи фиғон!

Ҳама чун донаи ангуру дилам чун чариш аст,
Ҳама чун барги гулобу дили ман ҳамчу дукон!

Зи Салоҳи дилу дин зар бараму зар кӯбам,
То муфарраҳ шавад, онро, ки бувад дидаи ҷон!