Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман

401

Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман
В-ар бигӯям дил бигардон, рӯ бигардонад зи ман,

Рӯйи рангинро ба ҳар кас менамояд ҳамчу гул
В-ар бигӯям бозпӯшон, бозпӯшонад зи ман,

Чашми худро, гуфтам: Охир, як назар сераш бибин,
Гуфт: «Мехоҳӣ магар, то ҷӯйи хун ронад зи ман?»

Ӯ ба хунам ташнаву ман бар лабаш, то чун шавад,
Ком бистонам аз ӯ ё дод бистонад зи ман!

Гар чу Фарҳодам ба талхӣ ҷон барояд, бок нест,
Бас ҳикоятҳои ширин бозмемонад зи ман.

Гар чу шаъмаш пеш мирам, дар ғамам хандад чу субҳ
В-ар биранҷам, хотири нозук биранҷонад зи ман,

Дӯстон, ҷон додаам баҳри даҳонаш, бингаред,
К-ӯ ба чизе мухтасар чун бозмемонад зи ман?

Сабр кун, Ҳофиз, ки гар з-ин даст бошад дарси ғам,
Ишқ дар ҳар гӯшае афсонае хонад зи ман.