Чун ҳавои боғ бо ин шакли мавзун кардаӣ

Чун ҳавои боғ бо ин шакли мавзун кардаӣ,
Аз лаби хандон даруни ғунчаро хун кардаӣ.

Бар лаби ҷӯ нест ин гул, бал к-аз андоми чу гул
Пераҳанро бар канори ҷӯй берун кардаӣ.

Нест ҳам дар об акси гул, ки баҳри шустушӯй
Ҷо даруни об бо андоми гулгун кардаӣ.

Буд по бар ҷо ба сони кӯҳ сабрам, лек ту
Кӯҳро аз поймоли ҳаҷр ҳомун кардаӣ.

Ҳар чӣ хубонро бувад яксар, ту танҳо дорӣ он
В-аз ҳама бар сар муанбар кокул афзун кардаӣ.

Дил зи даври хатти ту берун намеёрад шудан,
Менадонам, зери лаб бозаш чӣ афсун кардаӣ.

Медамад бӯйи ҷунуни ишқ, Ҷомӣ, з-ин ғазал,
Гӯйӣ, истимдоди1 файз аз рӯҳи Маҷнун кардаӣ.


1 Истимдод – ёрӣ хостан, мадад ҷустан.