Чун ҷуғд бувад аслаш, кай сурати боз ояд?!

223

Чун ҷуғд бувад аслаш, кай сурати боз ояд?!
Чун сир хурад мардум, кай бӯйи пиёз ояд?!

Чун афтад шери нар аз ҳамлаи ҳезу ғар?!
В-аз захмаи куни хар кай бонги намоз ояд?!

Пойи ту шуда кӯчак аз тангии попӯчак1,
По баркаш, ай кӯчак, то паҳну дароз ояд!

Бикшой ба уммеде ту дидаи ҷовиде,
То тобиши хуршедаш аз аршу фароз ояд!

Чанго, ту саре баркун, дар ҳалқа сар андаркун,
Ту хеш тиҳитар кун, то чанг ба соз ояд!


1 Попӯшак, пойафзор.