Чу ту омадӣ, маро бас, ки ҳадиси хеш гуфтам

369

Чу ту омадӣ, маро бас, ки ҳадиси хеш гуфтам,
Чу ту истода бошӣ, адаб он ки ман биюфтам.

Ту агар чунин латиф аз дари бӯстон дароӣ,
Гули сурх шарм дорад, ки чаро ҳамешукуфтам?

Чу ба мунтаҳо расад гул, биравад қарори булбул,
Ҳама халқро хабар шуд ғами дил, ки мениҳуфтам.

Ба умеди он ки ҷое қадаме ниҳода бошӣ,
Ҳама хокҳои Шероз ба дидагон бируфтам.

Ду-се бомдоди дигар, ки насими гул барояд,
Батар аз ҳазордастон1 бикушад фироқи ҷуфтам.

Нашунидаӣ, ки Фарҳод чӣ гуна санг суфтӣ2,
На чу санги остонат, ки ба оби дида суфтам.

На аҷаб шаби дарозам, ки ду дида боз бошад,
Ба хаёлат, эй ситамгар, аҷаб аст, агар бихуфтам.

Зи ҳазор хуни Саъдӣ биҳиланд3 бандагонат,
Ту бигӯй, то бирезанду бигӯ, ки ман нагуфтам.


1 Булбул.
2 Сӯрох мекард.
3 Бахшудаву муоф.