Чу ширинтар намуд, ай ҷон, маҳо, шӯру балойи ту

771

Чу ширинтар намуд, ай ҷон, маҳо, шӯру балойи ту,
Биҳиштам ҷони ширинро, ки месӯзад баройи ту!

Равон аз ту хиҷил бошад, диламро по ба гил бошад,
Маро чӣ ҷойи дил бошад, чу дил гаштаст ҷойи ту?!

Ту хуршедиву дил дар чаҳ, битоб аз чаҳ ба дил гаҳ-гаҳ,
Ки мекоҳад чу моҳ, ай маҳ, ба ишқи ҷонфазойи ту!

Зи худ миссам, ба ту заррам, ба худ сангам, ба ту дуррам,
Камар бастам ба ишқ — андар ба уммеди қабойи ту!

Гирифтам ишқро дар бар, кулаҳ бинҳодаам аз сар,
Манам муҳтоҷу мегӯям зи бехешӣ дуъойи ту!

Дило, аз ҳадди худ магзар, бурун кун бодаро аз сар,
Ба хоки кӯйи ӯ бингар, бибин сад хунбаҳойи ту.

Агар резам вагар рӯям, чи муҳтоҷи ту, маҳрӯям,
Чу барги коҳ мепаррам ба ишқи каҳрабойи ту!

Аё Табрези хушҷоям, зи Шамсуддин ба ҳайҳоям,
Занам лаббайку меоям бад-он Каъбай лиқойи ту.