Чӣ будӣ, ар дили он моҳ меҳрубон будӣ

441

Чӣ будӣ, ар дили он моҳ меҳрубон будӣ,
Ки ҳоли мо на чунин будӣ, ар чунон будӣ.

Бигуфтаме, ки чӣ арзад насими турраи дӯст,
Гарам ба ҳар сари мӯе ҳазор ҷон будӣ.

Бароти хушдилии мо чӣ кам шудӣ, ё Раб,
Гараш нишони амон аз бади замон будӣ?

Гарам замона сарафроз доштию азиз,
Сарири иззатам он хоки остон будӣ.

Зи парда кош бурун омадӣ чу қатраи ашк,
Ки бар ду дидаи мо ҳукми ӯ равон будӣ.

Агар на доираи ишқ роҳ барбастӣ,
Чу нутқа Ҳофизи саргашта дар миён будӣ.