Чӣ рӯй аст он, ки дидораш бибурд аз ман шишебоӣ

500

Чӣ рӯй аст он, ки дидораш бибурд аз ман шишебоӣ,
Гувоҳӣ медиҳад сурат бар ахлоқаш ба зебоӣ.

Нигорино, ба ҳар тундӣ ки мехоҳӣ, ҷавобам деҳ,
Агар талх иттифоқ афтад, ба ширинӣ бияндоӣ.

Дигар чун ношикебое бибинам, содиқаш хонам,
Ки ман дар нафси хеш аз ту намебинам шикебоӣ.

Аз ин пас айби шайдоён нахоҳам карду мискинон,
Ки донишманд аз ин сурат барорад сар ба шайдоӣ.

Чунонам дар дилӣ ҳозир, ки ҷон дар ҷисму хун дар раг,
Фаромӯшам наӣ, вақте ки дигар вақт ёд оӣ.

Шабе хуш ҳар кӣ мехоҳад, ки бо ҷонон ба рӯз орад,
Басе шаб рӯз гардонад ба торикию танҳоӣ.

Биёр, эй луъбати соқӣ, бигӯй, эй кӯдаки мутриб,
Ки сӯфӣ дар самоъ омад, дутоӣ кард яктоӣ.

Сухан пайдо бувад, Саъдӣ, ки ҳаддаш то куҷо бошад,
Забон даркаш, ки манзурат надорад ҳадди зебоӣ.