Чӣ шакар дод, аҷаб, Юсуфи хубӣ ба лабон

723

Чӣ шакар дод, аҷаб, Юсуфи хубӣ ба лабон,
Ки шуд Идрисаш қӣмозу Сулаймон балабон?!

Ба шакархонаи ӯ рафта ба сар лабшакарон,
Монда андар аҷабаш хира ҳама булҷабон!

Ҷабр афтод, ки гурге тамаъи Юсуф кард,
Ҳама гургон шуда аз хиҷлати ин гург шубон!

Чи хушиҳои ниҳонист дар он дарду ғамаш,
Ки рамиданд зи дору ҳама дармонталабон?!

Бас бувад ҳастии ӯ мояи ҳар нестшуда,
Бас бувад мастии ӯ узри ҳама беадабон!

Ориф аз варзиши асбоб бад-он коҳил шуд,
Ки ҳамон бесабабӣ шуд сабаби бесабабон!

Хез, к-имрӯз зи иқболу саъодат боре
Тараб андар тараб аст аз мадади бӯтарабон!

Ман бар он будам, к-аз ҷону дили тафсида
Боз гӯям сифати ишқ ба рӯзону шабон!

Шамси Табрез маро дӯш ҳамегуфт: «Хамӯш,
Чун туро ишқи лаби мост, нигаҳ дор забон!».