Шаб, ки рафтӣ зи барам, мӯниси ҷони кӣ шудӣ?

Шаб, ки рафтӣ зи барам, мӯниси ҷони кӣ шудӣ?
Мардуми дидаи хунобафишони кӣ шудӣ?

Баҳри меҳмонии ту моидаи айш кӣ сохт?
В-аз лабу хат намаку сабзаи хони кӣ шудӣ?

Ҳамчу гул хандазанон рафтиву чун сарв равон,
Гули хандони кию сарви равони кӣ шудӣ?

Суди чашмиву зиёни дилу дин, баҳри Худой,
Чун бирафтӣ зи барам, суду зиёни кӣ шудӣ?

Ман шудам пайсипари ҳаҷр зи бас пиру заиф,
Ту ба он тозарухӣ бахти ҷавони кӣ шудӣ?

Рози ман фош шуд имрӯз зи бас гиряву оҳ,
То ту шаб маҳрами асрори ниҳони кӣ шудӣ!

Ҳеҷ бар гуфтаи Ҷомӣ наниҳӣ гӯши ризо,
Ё Раб, ин сон зи самои суханони кӣ шудӣ?