Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, ай абри наврӯзӣ

Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, ай абри наврӯзӣ,
Мани лабташнаро то чанд баҳри қатрае сӯзӣ?

Сияҳ шуд рӯзи ман з-ин ғам, ки гирам зулфи шабрангат,
Намедонам, ки ин давлат каям хоҳад шудан рӯзӣ!

Зи тоби хашм рух афрӯхтӣ в-оташ задӣ дар ман,
Маозаллаҳ, агар бори дигар ин оташ афрӯзӣ!

Зи чашмат дилбарӣ омӯхтӣ, дил аз ҳама бурдӣ,
Чӣ бошад, гар лаби ҷонбахши худ дилдорӣ омӯзӣ!

Сулаймонӣ ба мулки некӯӣ, хотам – лаби лаълат,
Мабодо девро бар хотами лаъли ту фирӯзӣ!

Машав оҳуи доми ҳар кас, он беҳ, к-андар ин саҳро
Каманди ҳиммат андозиву сайди иззат андӯзӣ!

Зи чоки ҷайби ҷон, Ҷомӣ, кунӣ гум нақди умр охир,
Бар он чок арна аз домони васлаш васлае дӯзӣ.