Шамси дин бар Юсуфону нозанинон нозанин

718

Шамси дин бар Юсуфону нозанинон нозанин,
Бар сари ҷумла шаҳону сарфарозон нозанин!

Бар сарону сарварон сад сар зиёда ҷоҳи ӯ,
Дар миёни восилони лутфи раҳмон нозанин!

Ӯ ба авсофи илоҳӣ гашта мавсуфи камол,
Бар сариру бар сарони тахти султон нозанин!

Базмро аз вай ҷамолу размро аз вай ҷалол,
Ҳам ба базму ҳам ба разми лутфи кайҳон нозанин!

Пеши ӯ бинҳода мифтоҳи хазойинҳои хос,
Карда аз ишқу муҳаббатҳош Яздон нозанин!

Дар миёни сад ҳазорон моҳ ӯ тобон чу хур,
Васфи ӯ андар миёни васфи шоҳон нозанин!

Он ки хоки пош шуд, ӯ бар сарон шуд сарфароз,
Маст ӯ андар миёни ҷумла мастон нозанин!

Андар он мавҷе, ки хосон бар ҳазар бошанд аз он,
Андар он мавҷи хатар ӯ хуфта осон нозанин!