Шоҳи мо аз ҷумла шоҳон пеш буду беш буд

275

Шоҳи мо аз ҷумла шоҳон пеш буду беш буд,
З-он ки шоҳаншоҳи мо ҳам шоҳу ҳам дарвеш буд!

Шоҳи мо аз пардаи бурҷон чу худро ҷилва кард,
Ҷони мо бехеш шуд, зеро ки шаҳ бехеш буд!

Шоҳи мо аз ҷони мо ҳам дур, ҳам наздик буд,
Ҷони мо бо шоҳи мо наздику дурандеш буд!

Софи ӯ бедурд буду роҳаташ бедард буд,
Гулшани бехор буду нӯши ӯ бенеш буд!

Як сифат аз лутфи шаҳ — он ҷо, ки парда баргирифт,
Обу оташ сулҳ карду гург дояй меш буд!

Ҷони мутлақ шуд зи нураш сурате, к-ӯ ҷон надошт,
Гашт қурбони раҳаш он кас, ки ӯ бадкеш буд!

Нест мегуфтем андар ҳаст, гуфт: «Оре, биё!»,
Ҳаст шуд олам аз ӯ, мавқуфи як оре-ш буд!