Шӯриши булбулон саҳар бошад

193

Шӯриши булбулон саҳар бошад,
Хуфта аз субҳ бехабар бошад.

Тирборони ишқи хубонро
Дили шӯридагон сипар бошад.

Ошиқон куштагони маъшуқанд,
Ҳар кӣ зинда-ст, дар хатар бошад.

Ҳама олам ҷамоли талъати ӯст,
То киро чашми ин назар бошад?

Кас надонам, ки дил бад-ӯ надиҳад,
Магар он кас, ки бебасар1 бошад.

Одамиро, ки хораке дар пой
Наравад, турфа2 ҷонвар бошад.

Гӯ, турӯшрӯй бошу талхсухан,
Заҳри ширинлабон шакар бошад.

Оқилон аз бало бипарҳезанд,
Мазҳаби ошиқон дигар бошад.

Пои рафтан намонд Саъдиро,
Мурғи ошиқ буридапар бошад.


1 Нобино, кӯр.
2 Шигифт, аҷиб.