Эй ба дидори ту равшан чашми оламбини ман

472

Эй ба дидори ту равшан чашми оламбини ман,
Охират, раҳме наёяд бар дили мискини ман?

Сӯзнок афтода чун парвонаам дар пои ту,
Худ намесӯзад дилат чун шамъ бар болини ман.

То туро дидам, ки дорӣ Сунбула бар Офтоб,
Осмон ҳайрон бимонд аз ашки чун Парвини ман.

Гар баҳору лолаву насрин нарӯяд, гӯ, марӯй,
Парда бардор, эй баҳору лолаву насрини ман!

Гар ба раъноӣ бурун оӣ, дареғо, сабру ҳуш,
В-ар ба шӯхӣ дархиромӣ, войи ақлу дини ман!

Хор то кай? Лолае дар боғи уммедам нишон,
Захм то кай? Марҳаме бар ҷони дардогини ман!

На умед аз дӯстон дорам, на бим аз душманон,
То қаландарвор шуд дар кӯи ишқ оини ман.

Аз турушрӯии душман в-аз ҷавоби талхи дӯст
Кам нагардад шӯриши табъи суханширини ман.

Халқро бар нолаи ман раҳмат омад чанд бор,
Худ нагӯӣ, чанд нолад Саъдии мискини ман?!