Эй бехабар, бикӯш, ки соҳибхабар шавӣ

487

Эй бехабар, бикӯш, ки соҳибхабар шавӣ,
То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ?

Дар мактаби ҳақоиқ пеши адиби ишқ,
Ҳон, эй писар, бикӯш, ки рӯзе падар шавӣ.

Даст аз миси вуҷуд чу мардони раҳ бишӯй,
То кимиёи ишқ биёбию зар шавӣ.

Хобу хурат зи мартабаи хеш дур кард,
Он гаҳ расӣ ба хеш, ки бехобу х(в)ар шавӣ.

Гар нури ишқи Ҳақ ба дилу ҷонат уфтад,
Биллаҳ, к-аз офтоби фалак хубтар шавӣ.

Як дам ғариқи баҳри Худо шав, гумон мабар,
К-аз оби ҳафт баҳр ба як мӯй тар шавӣ.

Аз пой то сарат ҳама нури Худо шавад,
Дар роҳи зулҷалол чу беповусар шавӣ.

Ваҷҳи Худо агар шавадат манзари назар,
З-ин пас шаке намонд, ки соҳибназар шавӣ.

Бунёди ҳастии ту чу зеру забар шавад,
Дар дил мадор ҳеч, ки зеру забар шавӣ.

Гар дар сарат ҳавои васол аст, Ҳофизо,
Бояд, ки хоки даргаҳи аҳли ҳунар шавӣ.