Як имшабе, ки дар оғӯши шоҳиди шакарам

385

Як имшабе, ки дар оғӯши шоҳиди шакарам,
Гарам чу уд бар оташ ниҳанд, ғам нах(в)арам.

Чу илтимос баромад, ҳалок боке нест,
Куҷост тири бало, гӯ, биё, ки ман сипарам.

Бибанд як нафас, эй осмон, даричаи субҳ
Бар офтоб, ки имшаб хуш аст бо қамарам.

Надонам, ин шаби қадр аст ё ситораи рӯз,
Туӣ баробари ман ё хаёл дар назарам?

Хушо ҳавои гулистону хоб дар бустон,
Агар набудӣ ташвиши булбули саҳарам.

Бад-ин ду дида, ки имшаб туро ҳамебинам,
Дареғ бошад фардо, ки дигаре нигарам.

Равони ташна баросояд аз вуҷуди Фурот,
Маро Фурот зи сар баргузашту ташнатарам.

Чу менадидамат, аз шавқ бехабар будам,
Кунун, ки бо ту нишастам, зи завқ бехабарам.

Сухан бигӯй, ки бегона пеши мо кас нест,
Ба ғайри шамъу ҳамин соаташ забон бибурам.

Миёни мо ба ҷуз ин пираҳан нахоҳад буд,
В-агар ҳиҷоб шавад, то ба доманаш бидарам.

Магӯй, Саъдӣ аз ин дард ҷон нахоҳад бурд,
Бигӯ, куҷо барам он ҷон, ки аз ғамат бибарам?