Як рӯз ба шайдоӣ дар зулфи ту овезам

401

Як рӯз ба шайдоӣ дар зулфи ту овезам,
З-он ду лаби ширинат сад шӯр барангезам.

Гар қасди ҷафо дорӣ, инак ману инак сар,
В-ар роҳи вафо дорӣ, ҷон дар қадамат резам.

Бас тавбаву парҳезам, к-аз ишқи ту ботил шуд,
Минбаъд бад-он шартам, к-аз тавба напарҳезам.

Сими дили мискинам дар хоки дарат гум шуд,
Хоки дари ҳар кӯе бефоида мебезам.

Дар шаҳр ба расвоӣ душман ба дафам барзад,
То бар дафи ишқ омад тири назари тезам.

Маҷнуни рухи Лайлӣ чун Қайси банӣ Омир,
Фарҳоди лаби Ширин чун Хусрави Парвизам.

Гуфтӣ, ба ғамам биншин ё аз сари ҷон бархез,
Фармон барамат, ҷоно, биншинаму бархезам.

Гар бе ту бувад ҷаннат, дар кунгура биншинам,
В-ар бо ту бувад дӯзах, дар силсила овезам.

Бо ёди ту гар Саъдӣ дар шеър намегунҷад,
Чун дӯст ягона шуд, бо ғайр наёмезам.