Як хона пур зи мастон, мастони нав расиданд

305

Як хона пур зи мастон, мастони нав расиданд,
Девонагони бандӣ занҷирҳо дариданд!

Бас иҳтиёт кардем, то нашнаванд эшон,
Гӯйӣ, қазо дуҳул зад, бонги дуҳул шуниданд!

Ҷонҳои ҷумла мастон, дилҳои дилпарастон
Ногаҳ қафас шикастанд, чун мурғ барпариданд!

Мастон сабӯ шикастанд, бар хунбҳо нишастанд,
Ё Раб, чӣ бода хӯрданд?! Ё Раб, чӣ мул чашиданд?!

Ман дӣ зи раҳ расидам, қавме чунин бидидам!
Ман хешро кашидам, эшон маро кашиданд!

Онро, ки ҷон гузинад, бар осмон нишинад,
Ӯро дигар кӣ бинад, ҷуз дидаҳо, ки диданд?!

Як соқие аён шуд, ошӯби осмон шуд,
Май талх аз он замон шуд, хикаш аз он дариданд!