Ёро, қадаҳе пур кун аз он доруи мастӣ

524

Ёро, қадаҳе пур кун аз он доруи мастӣ,
То аз сари сӯфӣ биравад иллати ҳастӣ.

Оқил мутафаккир буваду маслиҳатандеш,
Дар мазҳаби ишқ ою аз ин ҷумла бирастӣ.

Эй фитнаи навхоста аз олами қудрат,
Ғоиб машав аз дида, ки дар дил бинишастӣ.

Ороми дилам бистадию дасти шикебам
Бартофтию панҷаи сабрам бишикастӣ.

Аҳволи ду чашми мани бар ҳам наниҳода
Бо ту натавон гуфт ба хоби шаби мастӣ.

Савдозадае, к-аз ҳама олам ба ту пайваст,
Дил нек бидодат, ки дил аз вай бигусастӣ?

Дар рӯи ту, гуфтам, сухане чанд бигӯям,
Рӯ боз кушодию дари нутқ бибастӣ.

Гар бода аз ин хум буваду мутриб аз ин кӯй,
Мо тавба бихоҳем шикастан ба дурустӣ.

Саъдӣ, ғараз аз ҳуққаи тан ояти Ҳаққ аст,
Сад таъбия дар тусту яке бознаҷустӣ.

Наққоши вуҷуд ин ҳама сурат, ки бипардохт,
То нақш бибинию мусаввир бипарастӣ.