Ҳазор ҷони муқаддас фидойи рӯйи ту бод!

339

Ҳазор ҷони муқаддас фидойи рӯйи ту бод!
Ки дар ҷаҳон чу ту хубе касе надиду назод!

Ҳазор раҳмати дигар нисори он ошиқ,
Ки ӯ ба доми ҳавои чу ту шаҳе афтод!

Зи сурати ту ҳикоят кунанд ё сифат?!
Ки ҳар яке зи яке хуштар аст, зиҳӣ бунёд!

Дилам ҳазор гираҳ дошт ҳамчу риштаи сиҳр,
Зи сиҳри чашми хушат он ҳама гираҳ бикшод!

Баландбин зи ту гаштаст ҳар ду дидаи ишқ,
Бибин ту қуввати шогирду ҳикмати устод!

Нишастаем дилу ишқу колбад пешат,
Яке харобу яке масту он дигар дилшод!

Ба ҳукми туст, бихандониву бигирёнӣ,
Ҳама чу шохи дарахтему ишқи ту чун бод!

Ба бод зард шавему ба бод сабз шавем,
Турост ҷумла вилоят, турост ҷумла мурод!

Кулӯху санг чӣ донад баҳор ҷуз асаре?!
Баҳорро зи чаман пурсу сунбулу шамшод!