Ҳаргиз ҳасад набурдам бар мансабею моле

595

Ҳаргиз ҳасад набурдам бар мансабею моле,
Илло бар он ки дорад бо дилбаре висоле.

Донӣ, кадом неъмат дар васф менаёяд?
Чашме, ки боз бошад ҳар лаҳза бар ҷамоле.

Хуррам тане, ки маҳбуб аз дар фарозаш ояд,
Чун ризқи некбахтон бе заҳмати суоле.

Ҳамчун ду мағзи бодом андар яке хазина,
Бо ҳам гирифта унсе, в-аз дигарон малоле.

Донӣ, кадом ҷоҳил бар ҳоли мо бихандад?
К-ӯро набуда бошад дар умри хеш ҳоле.

Баъд аз ҳабиб бар ман нагзашт ҷуз хаёлаш,
В-аз пайкари заъифам нагзошт ҷуз хаёле.

Аввал ки гӯй бурдӣ, ман бурдаме ба дониш,
Гар судманд будӣ бе дӯст эҳтиёле.

Соли висол бо ӯ як рӯз буд, гӯӣ,
В-акнун дар интизораш рӯзе ба қадри соле.

Айёмро ба моҳе як шаб ҳилол бошад,
В-он моҳи дилситонро ҳар абруе ҳилоле.

Сӯфӣ назар набозад, ҷуз бо чунин ҳарифе,
Саъдӣ ғазал нагӯяд, ҷуз бар чунин ғазоле.