Ҳариф ҷанг гузинад, ту ҳам даро дар ҷанг

466

Ҳариф ҷанг гузинад, ту ҳам даро дар ҷанг,
Чу саг судоъ диҳад, тан мазан, баровар санг!

Ба пеш ойу чунин хешро халова1 макун,
Ки ин-т гӯяд, гӯл асту он-т гӯяд, данг!

Чи даст бошад, к-аз рӯ магас надонад ронд,
Зи сусттабъӣ кирме намоядаш чу паланг?!


1 Гилоба, лойоба; чиркин, ғажд.