Ҳар дам афрӯзӣ чу гул рухсори оташнокро

Ҳар дам афрӯзӣ чу гул рухсори оташнокро,
Шуъла дар хирман занӣ муште хасу хошокро.

Ақлро равшан шавад моҳияти ҳуснат, агар
Пардаи ҳайрат набандад дидаи идрокро.

Ҷони пок аст он, на тан, дар зери пероҳан туро,
Сад ҳазорон офарин ҷонофарини покро.

Камтарин сайди туам, пеши сагони худ фиган,
Гар наям лоиқ, ки олоӣ ба ман фитрокро.

Ҷомаи ҷон чок шуд, торе зи пероҳан бибахш,
К-аз чунон ришта тавон пайванд кард ин чокро.

Домани хиргаҳ барафган, ай маҳи хиргаҳнишин
В-арна хоҳад сӯхт оҳам хаймаи афлокро.

Хок шуд бар раҳгузорат Ҷомию ҳаргиз наёфт
Он шараф, к-аз сояи сарви ту бошад хокро.