Ҳар кӣ хасм андар ӯ каманд андохт

30

Ҳар кӣ хасм андар ӯ каманд андохт,
Ба муроди ваяш бибояд сохт.

Ҳар кӣ ошиқ набуд, мард нашуд,
Нуқра фоиқ1 нагашт, то нагудохт.

Ҳеч муслиҳ ба кӯи ишқ нарафт,
Ки на дунёву охират дарбохт.

Ончунонаш ба зикр машғулам,
Ки надонам ба хештан пардохт.

Ҳамчунон шукри ишқ мегӯям,
Ки гарам дил бисӯхт, ҷон бинавохт.

Саъдиё, хуштар аз ҳадиси ту нест
Туҳфаи рӯзгори аҳли шинохт.

Офарин бар забони ширинат,
К-ин ҳама шӯр дар ҷаҳон андохт.


1 Бартар ва баргузида.