Ҳар он дилҳо, ки бе ту шод бошад

246

Ҳар он дилҳо, ки бе ту шод бошад,
Чу хошоке миёни бод бошад!

Чу мурғи хонагӣ, к-аз авҷ паррад,
Чу шогирде, ки беустод бошад!

Чӣ монад сурате, к-аз худ тарошӣ,
Бад-он шоҳе, ки ҳуризод бошад?!

Чӣ монад ҳайбати шамшери чӯбин
Ба шамшере, ки аз пӯлод бошад?!

Ту аҳде кардайӣ, чун рӯҳ будӣ,
Валекин кай туро он ёд бошад?!

Агар мункир шавӣ, ман сабр дорам,
Бад он рӯзе, ки рӯзи дод бошад!