Ҳаст моро ҳар замоне аз нигори ростин

713

Ҳаст моро ҳар замоне аз нигори ростин
Луқмае андар даҳону дигаре дар остин!

Ин ҳади хубӣ набошад, ай Худоё, чист ин?!
Ҳеч сарве ин надорад, хушқаду болост ин!

Инчунин хуршеди пайдо чунки пинҳон мешавад,
Ӯ чунин пинҳон зи олам аз барои мост ин!

Ҷамъ хоҳад он буту танҳоравон худ дигаранд,
Ҳар куҷо хубе бувад, ӯ толиби ғавғост ин!

Шамси Табрез! Арчи ҷонӣ, гар чу ҷон пинҳон шавӣ,
Бар дилам туҳмат нишинад, к-аз куҷо бархост ин?!