Ҳикоят аз лаби шириндаҳони симандом

357

Ҳикоят аз лаби шириндаҳони симандом
Тафовуте накунад, гар дуост ё дашном.

Ҳарифи дӯст, ки аз хештан хабар дорад,
Шароби сирфи1 муҳаббат нахурдааст тамом.

Агар малул шавӣ ё маломатам гӯӣ,
Асири ишқ наяндешад аз малолу малом2.

Ман он наям, ки ба ҷавр аз мурод бигрезам,
Ба остин3 наравад мурғи пойбаста ба дом.

Басе намонд, ки панҷоҳсола оқилро
Ба панҷ рӯз ба девонагӣ барояд ном.

Маро ки бо туам, аз ҳар кӣ ҳаст, боке нест,
Ҳарифи хос наяндешад аз маломати ом.

Шаби дароз нахуфтам, ки дӯстон гӯянд
Ба сарзаниш «Аҷабан лил-муҳибби кайфа яном».

Ту дар канори ман оӣ? Ман ин тамаъ накунам,
Ки менаёядат аз ҳусн васф дар авҳом.

Зарурат аст, ки рӯзе бисӯзад ин авроқ,
Ки тоби оташи Саъдӣ наёварад ақлом.


1 Бодаи ноб.
2 Ба сутуҳ омадан ва сарзаниш.
3 Бо такон додани остин.