Зиҳӣ, саодати ман, к-им ту омадӣ ба салом

358

Зиҳӣ, саодати ман, к-им ту омадӣ ба салом,
Хуш омадию алайкассалому ва-л-икром.

Қиём хостамат кард, ақл мегӯяд:
Макун, ки шарти адаб нест пеши сарв қиём.

Агар касоди шакар боядат, даҳан бикушой,
В-арат хиҷолати сарв орзу кунад, бихиром!

Ту офтоби мунирию дигарон анҷум,
Ту рӯҳи покию абнои рӯзгор аҷсом.

Агар ту одамиӣ, эътиқоди ман ин аст,
Ки дигарон ҳама нақшанд бар дари ҳаммом.

Тунук мапӯш, ки андомҳои симинат
Даруни ҷома падид аст чун гулоб аз ҷом.

Аз иттифоқ чӣ хуштар бувад миёни ду дӯст?
Даруни пираҳане чун ду мағзи як бодом.

Самоъи аҳли дил овози нолаи Саъдист,
Чӣ ҷои замзамаи андалебу саҷъи ҳамом?

Дар ин самоъ ҳама соқиёни шоҳидрӯй,
Бар ин шароб ҳама сӯфиёни дурдошом.