Ҳикоят кард бод аз гул, гул аз пероҳани ҷонон

Ҳикоят кард бод аз гул, гул аз пероҳани ҷонон,
Ки набвад бӯйи ҷонон ҷуз насиби покдомонон.

Пур аз лола-ст саҳро, доғи ҳиҷрондидае, гӯйӣ,
Гузашта-ст он тараф аз дидаҳо хуни дилафшонон.

Ту хуш зӣ, ай ба базми ёр дар сар соғари ишрат,
Ки ман ҳам сархушам беруни дар аз санги дарбонон.

Ба дил пайкони ӯ ноомада, дил меравад пешаш,
Бале, шарти мурувват бошад истиқболи меҳмонон.

Ба фикри он даҳон дилро чӣ сон орам зи зулфи ӯ,
Наояд шеваи ҷамъият аз хотирпарешонон.

Кулаҳ каҷ карда, доман барзада, меояд он кофар,
Худоё, дур дор он офати дин аз мусалмонон!

Ба дасте май, ба дасте дасти вай, Ҷомӣ, чӣ хуш бошад
Ба пойи сарву гул гаштан қадаҳнӯшон, ғазалхонон.