Ҳотифе аз гӯшаи майхона дӯш

284

Ҳотифе аз гӯшаи майхона дӯш
Гуфт: «Бибахшанд гунаҳ, май бинӯш!»

Лутфи илоҳӣ бикунад кори хеш,
Муждаи раҳмат бирасонад Суруш.

Ин хиради хом ба майхона бар,
То майи лаъл оварадаш хун ба ҷӯш.

Гарчи висолаш на ба кӯшиш диҳанд,
Ҳар қадар, эй дил, ки тавонӣ, бикӯш.

Лутфи Худо бештар аз ҷурми мост,
Нуктаи сарбаста чӣ донӣ? Хамӯш!

Гӯши ману ҳалқаи гесӯи ёр,
Рӯйи ману хоки дари майфурӯш!

Риндии Ҳофиз на гуноҳест саъб
Бо карами подшаҳи айбпӯш,

Довари дин шоҳ Шуҷоъ, он ки кард
Рӯҳқудус ҳалқаи амраш ба гӯш.

Эй маликуларш, муродаш бидеҳ
В-аз хатари чашми бадаш дор гӯш.