Ҷавонмардию лутфу одамият

Ҷавонмардию лутфу одамият
Ҳамин нақши ҳаюлоӣ мапиндор.

Ҳунар бояд, ки сурат метавон кард
Ба айвонҳо-дар аз шангарфу зангор.

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чи фарқ аз одамӣ то нақши девор?

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!