Ҷавр бар ман меписандад дилбаре

546

Ҷавр бар ман меписандад дилбаре,
Зӯр бо ман мекунад зӯроваре.

Бори хасме мекашам, к-аз ҷаври ӯ
Менашояд рафт пеши доваре.

Ақл бечора-ст дар зиндони ишқ,
Чун мусулмоне ба дасти кофаре.

Борҳо гуфтам, бигирям пеши халқ,
То магар бар ман бибахшад хотире.

Боз гӯям, подшоҳеро чӣ ғам,
Гар ба хайлаш-дар бимирад чокаре?

Эй ки сабр аз ман тамаъ дорию ҳуш,
Бори сангин мениҳӣ бар лоғаре.

З-он чи дар пои азизон афкананд,
Мо саре дорем, агар дорӣ саре.

Чашми одаткарда бо дидори дӯст,
Ҳайф бошад баъд аз ӯ бо дигаре.

Дар саропои ту ҳайрон мондаем,
Дарнамебояд ба ҳуснат зеваре.

Ин сухан Саъдӣ тавонад гуфту бас,
Ҳар гадоеро набошад ҷавҳаре.