Ҷону сари ту, ай писар, нест касе ба пойи ту

768

Ҷону сари ту, ай писар, нест касе ба пойи ту,
Ойина бин, ба худ нигар, кист дигар варойи ту?!

Бӯса бидиҳ ба рӯйи худ, роз бигӯ ба гӯши худ,
Ҳам ту бибин ҷамоли худ, ҳам ту бигӯ санойи ту!

Нест маҷоз рози ту, нест газоф нози ту,
Роз баройи гӯши ту, нози ту ҳам баройи ту!

Хез зи пешам, ай хирад, то бираҳам зи неку бад,
Хез, дило, ту низ ҳам, то накунам сазойи ту!

Ҳам падариву ҳам писар, ҳам ту найиву ҳам шакар,
Кист касе, бигӯ, дигар?! Кист касе ба ҷойи ту?!

Баста лаби ту, баркушо, чист ақиқи бебақо?!
Кони ақиқ ҳам туӣ, ман чӣ диҳам баҳойи ту?!

Сояи туст, ай писар, ҳар чи бар ӯст, ай писар,
Соя фиканд, ай писар, дар ду ҷаҳон ҳумойи ту!