Аз чарх ба ҳар гуна ҳамедор умед

17

Аз чарх ба ҳар гуна ҳамедор умед,
В-аз гардиши рӯзгор меларз чу бед.
Гуфтӣ, ки «Пас аз сиёҳ ранге набувад!»
Пас, мӯйи сиёҳи ман чаро гашт сафед?