Ай зи ишқат сад бало бар ҷони ғампарварди ман

Ай зи ишқат сад бало бар ҷони ғампарварди ман,
Карда ошӯби ғамат тороҷи хобу х(в)арди ман.

Ман надорам тоби бедардӣ, Худоро, ай табиб,
Марҳаме фармо, ки ҳар дам беш гардад дарди ман!

Хок гаштам дар раҳат, бигзар ба ман, ай сарви ноз,
Пеш аз он рӯзе, ки оию наёбӣ гарди ман.

Сӯйи ту ҳамроҳи ашк омад танам, доман макаш,
Ай гули хандон, аз ин хошоки обоварди ман

Дигареро бар ту чун гирам бадал, чун мисли ту
Дар ҳама олам наёбад фикри оламгарди ман?

Раҳ ба гулзорам мадеҳ, бе ӯ мабод, ай боғбон,
Тозагулҳоро хазон ояд зи оҳи сарди ман.

Гуфтаӣ: – Ҷомӣ надорад ранге аз савдои мо,
Шарм дор, охир, зи ашки сурху рӯйи зарди ман!