Даричае зи биҳишташ ба рӯй бикшоӣ

502

Даричае зи биҳишташ ба рӯй бикшоӣ,
Ки бомдоди пагоҳаш ту рӯй бинмоӣ.

Ҷаҳон шаб асту ту хуршеди оламороӣ,
Сабоҳи муқбил он, к-аз дараш ту боз оӣ.

Беҳ аз ту модари гетӣ ба умри худ фарзанд
Наёварад, ки ҳамин буд ҳадди зебоӣ.

Ҳар он ки бо ту висолаш даме муяссар шуд,
Муяссараш нашавад баъд аз он шикебоӣ.

Даруни пираҳан аз ғояти латофати чашм
Чу оби софӣ дар обгина пайдоӣ.

Маро маҷоли сухан беш дар баёни ту нест,
Камоли ҳусн бибандад забони гӯёӣ.

Зи гуфтугӯи авом эҳтироз мекардам,
К-аз ин сипас бинишинам ба кунҷи танҳоӣ.

Вафои суҳбати ҷонон ба гӯши ҷонам гуфт:
На ошиқӣ, ки ҳазар мекунӣ зи расвоӣ.

Гузашт бар ман аз осеби ишқат, он чи гузашт,
Ҳанӯз мунтазирам, то чӣ ҳукм фармоӣ.

Дурӯза боқии умрам фидои ҷони ту бод,
Агар бикоҳию дар умри худ бияфзоӣ.

Гар ӯ назар накунад, Саъдиё, ба чашми навохт,
Ба дасти саъйи ту бод аст, то напаймоӣ!