З-он шоҳиди шаккарлаб, з-он соқии хушмазҳаб

67

З-он шоҳиди шаккарлаб, з-он соқии хушмазҳаб
Ҷон маст шуду қолаб, ай дӯст, махусб имшаб!

З-он нури ҳама олам ҳар шева ҳаменолам,
То бишнавад аҳволам, ай дӯст, махусб имшаб!

Гоҳе ба парешонӣ, гоҳе ба пушаймонӣ
З-ин айш ҳамемонӣ, ай дӯст, махусб имшаб!

Як рӯз ту гар хорӣ, як рӯз ту мурдорӣ,
Аз мо чи хабар дорӣ? Ай дӯст, махусб имшаб!

Берун шав аз ин ҳар ду, бегона шав, ай марду,
Қум қад заҳикалварду, ай дӯст, махусб имшаб!

Аз ҳаҷри ту парҳезам, дар ишқи ту бархезам,
Шамсулҳақи Табрезам, ай дӯст, махусб имшаб!