Кай шеъри тар ангезад, хотир ки ҳазин бошад

161

Кай шеъри тар ангезад, хотир ки ҳазин бошад,
Як нукта аз ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад.

Аз лаъли ту гар ёбам ангуштарии зинҳор,
Сад мулки Сулаймонам дар зери нигин бошад.

Ғамнок набояд буд аз таъни ҳасуд, эй дил,
Шояд, ки чу вобинӣ, хайри ту дар ин бошад.

Ҳар к-ӯ накунад фаҳме з-ин килки хаёлангез,
Нақшаш ба ҳаром, ар худ суратгари Чин бошад.

Ҷоми маю хуни дил ҳар як ба касе доданд,
Дар доираи қисмат авзоъ чунин бошад.

Дар кори гулобу гул ҳукми азалӣ ин буд,
К-он шоҳиди бозорӣ в-ин парданишин бошад.

Ин нест, ки Ҳофизро риндӣ бишуд аз хотир,
К-ин собиқаи пешин то рӯзи пасин бошад.