На аз Чинам ҳикоят кун, на аз Рум

428

На аз Чинам ҳикоят кун, на аз Рум,
Ки ман дил бо яке дорам дар ин бум.

Ҳар он соат, ки бо ёди ман ояд,
Фаромӯшам шавад мавҷуду маъдум.

Зи дунё бахши мо ғамхурдан омад,
Нашояд хурдан илло ризқи мақсум1.

Рутаб ширину даст аз нахл кӯтоҳ,
Зулол андар миёну ташна маҳрум.

Аз он шоҳид, ки дар андешаи мост,
Надонам зоҳиде дар шаҳр маъсум.

Ба рӯи ӯ намонад ҳеч манзур,
Ба бӯи ӯ намонад ҳеч машмум2.

На бе ӯ айш мехоҳам, на бо ӯ,
Ки ӯ дар силки ман ҳайф аст манзум.

Рафиқон, чашми зоҳирбин бидӯзед,
Ки моро дар миён сиррест мактум3.

Ҳама олам гар ин сурат бибинанд,
Кас ин маънӣ нахоҳад кард мафҳум.

Чӣ сон сӯзам, ки хомонам набинанд,
Надонад тандуруст аҳволи маҳмум4.

Маро гар дил диҳӣ, в-ар ҷон ситонӣ,
Ибодат лозим асту банда малзум.

Нашояд бурд, Саъдӣ, ҷон аз ин кор,
Мусофир ташнаву ҷуллоб масмум.

Чу оҳан тоби оташ менаёрад,
Ҳамебояд, ки пешонӣ кунад мум?


1 Рӯзии аз азал тақсимшуда.
2 Он чи ба қувваи шомма эҳсос гардад, бӯиданӣ.
3 Пӯшида, пинҳон.
4 Табдор, табкарда.